Размоиши низомии Русия дар Тоҷикистон
Март 04, 2020 15:17 Asia/Dushanbe
Нерӯҳои низомии Русия аз ҳисоби сарбозон ва афсарони пойгоҳи 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон, дирӯз размоиши низомӣ баргузор карданд.
Ба нақл аз сомонаи Дафтари матбуотии нерӯҳои марказии Русия, ин размоиш дар тамрингоҳи Лоҳур бо истифода аз болгардҳо ҷараён гирифт.
Бар асоси барнома, тактирандозон дар ҳолати парвоз бо болгард, ҷангиёни душмани фарзиро дар иртифооти кӯҳистонӣ ҳадаф қарор доданд.
Дар кул беш аз 500 нафар аз персонали артиши Русия дар ин размоиш ширкат доштанд.
Барчасп