Таътилии муваққатии масоҷид дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51478-Таътилии_муваққатии_масоҷид_дар_Тоҷикистон
Манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон аз таътилии муваққатии масоҷид ҳадди ақал дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар ба далели хурӯҷи бемории коронавирус хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 04, 2020 11:57 Asia/Dushanbe
  • Таътилии муваққатии масоҷид дар Тоҷикистон

Манобеи хабарӣ дар Тоҷикистон аз таътилии муваққатии масоҷид ҳадди ақал дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар ба далели хурӯҷи бемории коронавирус хабар доданд.

Ба нақл аз Азия Плюс, дирӯз дар бархе аз масҷидҳои шаҳри Душанбе, имомхатибон аз намозгузорон хостанд, ки муваққатан аз намозро дар манзилҳои худ иқома кунанд.

Яке аз намозгузорон ба номи Шералӣ Давлатов гуфтааст, дирӯз дар масҷидҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, маъруф ба Мехкалонна имомхатиб эълом кард, ки намозгузорон бояд муваққатан аз омадан ба масҷид худдорӣ кунанд.

Имимхатиби ин масҷид Ҳикматулло Ризоев дар намози шаби хуфтан эълом кард, ки аз субҳи 4 март масҷидҳо дар Душанбе ба таври муваққат баста мешаванд.