Март 04, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқаи тимҳои миллии ҷавонони зери 16 соли Тоҷикистон ва Ҳинд

Тимҳои миллии ҷавонони зери 16 соли Тоҷикистон ва Ҳинд бо якдигар дидорҳои дӯстона баргузор мекунанд.

Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозиҳо бо ҳадафи афзоиши омодагӣ барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё баргузор хоҳад шуд.

Ду дидори дӯстона дар таърихи 13 ва 15 март дар варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 16 баргузор мешавад.

Қарор аст тими ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 2020, ки аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад, ширкат кунад.

 

Барчасп