Баргузории мусобиқаи тимҳои миллии ҷавонони зери 16 соли Тоҷикистон ва Ҳинд
Март 04, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
Тимҳои миллии ҷавонони зери 16 соли Тоҷикистон ва Ҳинд бо якдигар дидорҳои дӯстона баргузор мекунанд.
Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозиҳо бо ҳадафи афзоиши омодагӣ барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё баргузор хоҳад шуд.
Ду дидори дӯстона дар таърихи 13 ва 15 март дар варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 16 баргузор мешавад.
Қарор аст тими ҷавонони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 2020, ки аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад, ширкат кунад.