Тақвияти иқдомоти беҳдоштӣ дар мактабҳои Тоҷикистон барои муқобила бо вируси корона  
(last modified Wed, 04 Mar 2020 16:34:49 GMT )
Март 04, 2020 21:34 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти иқдомоти беҳдоштӣ дар мактабҳои Тоҷикистон барои муқобила бо вируси корона  

Тоҷикистон иқдомоти беҳдоштӣ дар мактабҳоро барои муқобила бо паҳншавии эҳтимолии вируси корона тақвият мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, Вазорати тандурустии Тоҷикистон иқдомоти ҷадидеро барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои уфунӣ дар муассисоти омӯзишӣ иҷро мекунад.

Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, муқаррароте дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасвиб шуда то иттилооте дар мавриди шеваҳои беҳтари пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус ироа диҳад.

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, тибқи бахшномаи содиршуда, ҳамаи муассисоти омӯзишӣ бояд дар маҳалҳои худ меъёрҳои беҳдоштиро риоят ва аз маводи зиддивирус, аз ҷумла моск истифода кунанд.

 Вай афзуд, дар Тоҷикистон мутахассисон тавлиди доруҳои зиддиуфуникунанда ва зиддикоронаро оғоз кардаанд.

Муҳаммадюсуф Имомзода ба масъулон дастур дод, ки дар ҳамаи муассисоти омӯзишии ҷумҳурӣ маводи ғизоӣ ва антивирусҳоро харидорӣ ва аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ ва сафарҳои ғайризарурӣ ба кишварҳое, ки мавориди ибтило ба коронавирус дар он ҷо сабт шуда, худдорӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ҳамчунин дастур дода шуд, ки фаъолиятҳои огоҳибахшии умумӣ аз тариқи расонаҳо пахш шавад.

Бар тибқи муроҷиатномаи Вазорати тандурустӣ, ҳукумати Тоҷикистон танҳо ба хотири пешгирӣ аз роҳ ёфтани ин маризӣ, аз роҳандозии чанд маҳдудият кор гирифтааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро ба оромӣ даъват намуда, изҳори боварӣ намудааст, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт нагардидааст