Боздошти ду навҷавон бо гумони дуздй аз бошгоҳи "Истиқлоли"-и Душанбе.
Март 05, 2020 09:27 Asia/Dushanbe
Ду нафар ҷавон бо гумони дуздй аз бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе боздошт шуданд.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Азия Плюс милитсия ду сокини Душанберо бо иттиҳоми дуздй боздошт кард.
Ин афрод бо шикастани қуфли сохтмони бошгоҳи "Истиқлол"-и шахри Душанбе 26 даст либоси варзиши ва 6 тупи футболро дуздиданд.Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон гуфт, ки арзиши либосҳо ва васоили варзишии дуздидашуда тақрибан 12ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.