Вазорати дохилаи Тоҷикистон шоеапароканон дар бораи коронавирусро шиносоӣ ва муҷозот мекунад
Март 08, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кардааст, бо афроде, ки дар ин кишвар дар бораи коронавирус шоеапароканӣ мекунанд, бархӯрди шадид хоҳад шуд.
Ба нақл аз сомонаи Авеста, теъдоде аз сокинони Тоҷикистон аз тариқи шабакаи Facebook ба генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи густариши шоеаҳо дар ин кишвар дар бораи коронавирус, ки мӯҷиби эҷоди ошуфтагӣ дар бозорҳо ва гаронии қимати маводи ғизоӣ ва махсусан орд шуд, шикоят кардаанд.
Дар посух ба ин шикоятҳо Вазорати дохилаи Тоҷикистон аз бархӯрди шадид бо афроде, ки дар бораи коронавирус шоеапароканӣ мекунанд ва мӯҷиби ташвиши мардум мегарданд, ҳушдор додааст.
Барчасп