Март 09, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Бозии футболи Истиқлол ва Хуҷанд бидуни тамошогар баргузор мешавад

Аввалин мусобиқаи Ҷоми ҳазфии Осиё-2020 байни ду тими Истиқлоли Тоҷикистон ва Хуҷанд бидуни ҳузури тамошогар баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Чадои Хуросон, бар асоси эъломи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастури Рустами Эмомалӣ, ки раёсати ин федератсияро бар уҳда дорад, ба манзури пешгирӣ аз густариши коронавирус ин мусобиқа бидуни тамошогар баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқаи ду тими Истиқлоли Тоҷикистон ва Хуҷанд 11 март соати 18 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Ин аввалин бор аст, ки барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус дар Тоҷикистон мусобиқаи футбол бидуни тамошогар баргузор мешавад.

Ахиран тибқи эъломи Шурои уламои Тоҷикистон, барпоии намози ҷамоат дар масҷидҳо муваққатан мамнӯъ эълом шудааст.

 

Барчасп