Пешбинии ҳавои минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон
Ожонси обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон осмони бештари минтақаҳои шаҳри Душанберо абрӣ пешбинӣ кард.
Ба нақл аз Спутник ва Ожонси обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи пешбиниҳо дар Душанбе дар тули рӯз бештар ҳаво абрӣ, бидуни ғубори маҳаллӣ ҳамроҳи борон ва меҳолуд аст, аммо дар шаб боришҳо қатъ хоҳад шуд.
Дамои ҳаво дар шаб 1 дараҷа сантиград болои сифр ва дар рӯз то 9 дараҷаи сантиград афзоиш меёбад.
Ожонси обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин пешбинӣ кард, дар шимоли Тоҷикистон дар минтақаи Суғд дар бархе минтақаҳои кӯҳӣ барфу борон вуҷуд дорад ва дараҷаи ҳарорат дар рӯз аз +8 то +13 дараҷаи сантиград аст.
Дар ВМКБ шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад ва Дар ғарби вилоят шабона 0-5° хунук, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17° хунук, рӯзона -4+1° мешавад ва осмони минтақа низ абрӣ ҳамроҳ бо боришҳои суст аст.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм мешавад.