Март 11, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости зани тоҷикистонии зиндонӣ дар Афғонистон барои бозгашт ба ватан

Коркунони Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ номаи Олимаи Камол, шаҳрванди 29-солаи тоҷикистониро, ки дар зиндони Пули Чархии Кобул нигаҳдорӣ мешавад, ба бародараш таҳвил додаанд.

Ба нақл аз сомонаи TopTj, Олимаи Камол, сокини ноҳияи Ваҳдат дар соли 2015 аз Русия ба ҳамроҳи ҳамсараш ва се фарзандаш ба Сурия рафт, вале пас аз кушта шудани ҳамсараш бо фарзандонаш ба Афғонистон бозгашт.

Вай дар ин нома аз бародараш дархост кардааст, ки барои бозгашти ӯ ба Тоҷикистон, бо сафорати кишвараш дар Афғонистон ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ кунад.

Бародари Олима гуфтааст, ки дархости хоҳарашро ба иттилои мақомоти қазоии Тоҷикистон расонда ва мунтазири иқдоми амалии онон барои бозгардондани вай ва фарзандонаш аз Афғонистон аст.

Ба гуфтаи мақомоти қазоии Тоҷикистон, наздик ба 2 ҳазор нафар аз атбои ин кишвар дар солҳои 2014 то 2017 бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, бавижа ДОИШ ба сурия ва Ироқ рафтаанд.

 

 

Барчасп