Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар ва евро
(last modified Wed, 11 Mar 2020 08:30:15 GMT )
Март 11, 2020 13:30 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар ва евро

Дар паи навасоноти қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва суқути арзиши рубли русӣ, нархи доллар ва евро дар баробари сомонӣ афзоиш ёфт.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, акнун ҳар доллар дар баробари сомонӣ дар бонкҳои тиҷории Спитамен Бонк ва Эсхата 9 сомониву 70 дирам  ва евро 11 сомониву 18 дирам хариду фурӯш мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки қаблан ҳар доллар дар баробари сомонӣ 9 сомониву 68 дирам ва евро 10 сомониву 90 дирам буд.

Аз сӯи дигар, ба таври ногаҳонӣ дар Тоҷикистон арзиши рубли русӣ суқут кардааст ва дар муқоиса бо ҳафтаи қабл, хонаводаҳои коргарони муҳоҷири тоҷик дар баробари ҳазор рубли ирсолии бастагони худ аз Русия, акнун 20 то 25 сомонӣ камтар дарёфт мекунанд.

Ҳафтаи қабл ҳазор рубл муодили 145 сомонӣ буд, ки ахиран ба 129 сомониву 6 дирам расидааст.