Март 11, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши қимати ҷаҳонии нафт нархи сӯхт дар Тоҷикистонро тағйир надод

Коҳиши қимати нафт то кунун ҳеҷ таъсире дар ҳазинаи сӯхт дар Тоҷикистон надоштааст.

Дар ҳоле ки қимати нафт 30 дарсад коҳиш ёфта, ҳазинаи сӯхт дар Тоҷикистон то кунун бидуни тағйир боқӣ мондааст. 

Бузургтарин тавлидкунандаи нафт - Арабистони Саудӣ, бахше аз ОПЕК аз коҳиши қиматҳои расмӣ хабар дод, сипас ҳазинаи нафти брент ба 31 доллар дар ҳар бушка коҳиш ёфт.

Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки ба далели паҳншавии коронавирус аз аввали апрел ҳамаи тааҳҳудот барои маҳдуд шудани тавлиди нафт бекор хоҳад шуд.

Дар авохири моҳи феврал қимати ҳар бушка нафти брент ҳудуди 50 доллар дар ҳар бушка буд, ки ин қимат ҳамакнун ҳудуди 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон қимати ҳар литр бензин бо номи тиҷории 92 аз 7.50 то 7.70 сомонӣ ва ҳазинаи ҳар литр гази мойеъ 3.80 то 3.90 сомонӣ аст.

Бар асоси эъломи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, беш аз 60 дарсади васоили нақлияи ин кишвар аз гази табиии мойеъ ба унвони сӯхт истифода мекунанд.

 

Барчасп