Март 11, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Қарантинаи 436 шаҳрванди хориҷии машкук ба коронавирус дар Тоҷикистон

Шаҳрвандони шаш кишвари ҷаҳон дар Тоҷикистон, ки машкук ба ибтило ба коронавирус ҳастанд, дар қарантина ба сар мебаранд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин вазоратхона мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз шуюъи корона 436 нафар аз шаҳрвандони шаш кишвари мухталиф дар ин кишвар дар қарантина қарор доранд.

Аз аввали феврал то даҳуми март ҳазору 583 шаҳрванди Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон дар Тоҷикистон дар қарантина будаанд, ки то ба имрӯз ҳазору 147 нафар мураххас ва 436 нафар дар бемористонҳои уфунии ин кишвар ба сурати қарантина бистарӣ шуда ва таҳти назар қарор доранд.

Уфунати коронавирус дар 114 кишвари ҷаҳон сабт шудааст ва дар Тоҷикистон низ барои ҷилавгирӣ аз нуфузи ин беморӣ барномаҳое дар ҳоли иҷрост.

 

Барчасп