Март 11, 2020 22:18 Asia/Dushanbe
  • Лағви роҳпаймоиҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе

Роҳпаймоиҳои наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе лағв шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим гирифт, роҳпаймоии сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва ҷашнҳои фаро расидани Наврӯзро дар ин кишвар лағв кунад.

Ин тасмим барои ҷилавгирӣ аз шуюъи бемории корона гирифта шуд.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, маросими сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва ҷашни истиқбол аз Наврӯз ба далели пешгирӣ аз шуюъи бемории корона (covid-2019) мутобиқи дастуруламали дафтари марказии ин вазоратхона, дар ин кишвар лағв шуд.

Эҳсони Хушбахт ҳамчунин афзуд, масъулони ҳамаи муассисоти омӯзишӣ ҳам мулзам шуданд бо дар назар гирифтани қонун дар бораи сода баргузор кардани маросимҳо ва ҷашнҳо дар Тоҷикистон, ойинҳои наврӯзиро дар дохили муассисаи омӯзишӣ баргузор кунанд.