Март 12, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти аспсаворӣ ва куштӣ дар Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани Наврӯз

Ба муносибати фаро расидани Наврӯз мусобиқоти аспсаворӣ ва куштӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши Спутник, мусобиқоти куштӣ ва аспсаворӣ 21 ва 22 март дар минтақаи “Наврӯзгоҳ” баргузор мешавад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастур дод 190 ҳазору 500 сомонӣ барои барандагони ин мусобиқоти варзишӣ ихтисос диҳанд.

Пеш аз ин раиси идораи фарҳанги минтақаи Суғд гуфта буд, имсол Наврӯз мутафовиттар аз солҳои гузашта ҷашн гирифта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории корона роҳпаймоиҳо, баргузории маросим ва таҷаммӯоти наврӯзиро лағв кунанд.