Март 14, 2020 11:26 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи  як маркази  фарҳангӣ ва омӯзишии  “ Слов”  дар Душанбе

Русия бо мушорикати Созмони милал як маркази фарҳангӣ ва омӯзишии Словро дар Душанбе ифтитоҳ карданд.

Бино ба гузориши Спутник, барои аввалин бор аст, ки чунин марказ  дар Тоҷикстон ифтитоҳ мешавад. Сохти  ин марказ 5сол тӯл кашид.

 Дар ин маросим сафири  Русия дар Тоҷикистон  Игор Лякин-Фролов , раиси  дафтари барномаи  тавсеаи Милали муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон Пратибха Мехта раиси дафтари пешдабистонӣ ва омӯзиши  мадориси Вазорати  омӯзиш ва парвариш ва улуми Вазорати Ҷумҳурии омӯзиш ва парвариши Ҷумҳурии  Тотористон Кутбуддин Мухиддинзода  дар Душанбе ҳузур доштанд.

 Ин марказ муҷаҳҳаз ба мебелмони идории модерн , таҷҳизоти  роёнаӣ  , олоти мусиқӣ , таҷҳизоти варзишӣ ва китобхонае аз адабиёти модерн ва классик ба забони русӣ аст.

 Ҳамчунин ин марказ ба озмоишгоҳи мухталиф , роёнаҳои қобили ҳамл , дурбинҳои филмбардории диҷитол , васоили кумаки омӯзишӣ ва маҷмӯаҳои тавсия шуда барои кӯдакони  хурдсол низ таҷҳиз шудааст.

 Сафири Русия дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт: идеяи сохти  як марказ аз панҷ сол пеш эҷод шуд ва талоши  зиёде барои сохти  ин марказ шуд.

 Вай афзуд: ин марказ дар Тоҷикистон ва минтақа беназир ва ҳама шароит барои навҷавонон ва кӯдаконе, ки мехоҳанд  дониши худро дар бораи фарҳанг , таърих ва забони русӣ такмил кунанд фароҳам аст.

 Ӯ гуфт:ин марказ ба тавсеаи  равобити  Русия ва Тоҷикистон кумак хоҳад карду Русия ҳамчунон ба талошҳои худ дар заминаи пуштибониҳои мухталиф аз Тоҷикистон идома медиҳад.

Пратибха Мехта раиси  дафтари  барномаи тавсеаи Милали  муттаҳид (undp) дар Тоҷикистон низ дар ин маросим гуфт: ҳадаф аз сохти  ин марказ эҷоди  шароите барои дастрасии ҷавонон ва кӯдакон ба омӯзишҳои навин аст.

 Кутбуддин Мухиддинзода  мӯътақид аст, ки ин марказ дар тақвияти ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар заминаи омӯзиш нақш дорад.

  Кутбуддин Мухиддинзода  раиси дафтари пешдабистонӣ ва омӯзиши  мадориси вазорати омӯзиш ва парвариш ва улуми  Вазорати  Ҷумҳури  омӯзиш ва парвариши  ҷумҳурии Тотористон ҳам гуфт: "ҳамкории  фарҳангӣ  бахше аз сиёсат аст, ки аз сӯи вазорати омӯзиш ва улуми Ҷумҳурии Тотористон иҷро мешаваду ман итминон дорам, ки ин марказ барои наздик кардан фарҳангҳои ду кишвару омӯзиши насли ҷавон ва тақвияти рӯҳияи дӯстии байн мардум ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии  кишварҳо муассир аст.

 Хазинаи  сохти  ин омӯзшгоҳро Константин Кирсенко тоҷири рус , газпром ва мегафон-Тоҷикистон пардохт карданд.

 Таҷҳизоти ин мадраса ҳам аз сӯи маркази барнома тавсеаи  Созмони милал ва Русия харидорӣ шуд.

 Бар асоси барномаи  тавсеаи  Созмон Милали  муттаҳид (undp) дар Тоҷикистон , аз соли 2014 Русия ҳудуди 5 миллион доллар дар 5 тарҳи  Созмон милал дар Тоҷикистон сармоя гузорӣ кардааст.