Эҳтимоли аз саргирии иқомаи намозҳои ҷамоат ва ҷумъа дар масҷидҳои Тоҷикистон
Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли аз саргирии иқомаи намозҳои ҷамоат ва ҷумъа дар масҷидҳои ин кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.
Ба нақл аз Спутник, Афшини Муқим гуфтааст, ки корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ кардан (дезинфексия) - и масоҷидҳо идома дорад ва ба эҳтимоли қавӣ дар ояндаи наздик ба далели мушоҳида нашудани ягон мавриди гирифторӣ ба "вируси тоҷдор" дар Тоҷикистон иқомаи намозҳои ҷамоат ва ҷумъа дар масҷидҳо аз сар гирифта хоҳад шуд.
Бо ин ҳол вай таърихи дақиқеро барои замони аз саргирии иқомаи намозҳои ҷамоат ва ҷумъа дар масҷидҳои Тоҷикистон эълом накард.
Афшини Муқим таъкид кард, ки ба маҳзи итминон аз маҳори комили шуюи коронавирус дар Тоҷикистон дар нишасти муштараки мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва Шӯрои уламои маркази исломии ин кишвар тасмимгирӣ хоҳад шуд.
Аз рӯзи 5 март ба дархости Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз густариши коронавирус иқомаи намозҳои ҷамоат дар масҷидҳо мамнӯъ шуд.