Сабти ҳазору 29 маврид ҷинояти муртабит бо терроризм ва ифротгарӣ дар Тоҷикистон
(last modified 2020-03-15T06:44:20+00:00 )
Март 15, 2020 11:44 Asia/Dushanbe
  • Сабти ҳазору 29 маврид ҷинояти муртабит бо терроризм ва ифротгарӣ дар Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон аз сабти ҳазору 29 маврид ҷинояти марбут ба терроризм ва ифротгарӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019 хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Ховар, Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки ин омор марбут ба терроризм ва ифротгарӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли пеш 300 маврид бештар аст.

Вай таъкид кардааст, ки алайҳи 395 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва мушорикат дар даргириҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Ҳамчунин 214 нафар аз аъзои гурӯҳи мамнӯаи салафия дар Тоҷикистон дар соли 2019 боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи Додситони кулли Тоҷикистон дар соли 2019 ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ва даст задан ба ошуб дар зиндонҳои ин кишвар ба ҳукми маҳкумияти 29 нафар аз саркардагон ва созмондиҳандагони ин ҳодисаҳо афзуда шуд.

Юсуф Раҳмон аз ирсоли 139 мавриди дархости истирдоди аъзо ва фаолони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2019 низ хабар дод ва гуфт, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2019 низ хабар дод ва гуфт, ки бо кумаки полиси байналмиллал дар соли 2019 ба дархости Тоҷикистон 69 нафар аз аъзо ва фаолони гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шудаанд.

 

Барчасп