Кӯмакҳои муассисаи амрикоӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавирус
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51800-Кӯмакҳои_муассисаи_амрикоӣ_ба_Тоҷикистон_барои_муқобила_бо_коронавирус
Ожонси тавсеаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида USAID маҷмӯае аз таҷҳизоти муроқибати шахсӣ дар баробари коронавирусро ба Тоҷикистон таҳвил дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 15, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Кӯмакҳои муассисаи амрикоӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавирус

Ожонси тавсеаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида USAID маҷмӯае аз таҷҳизоти муроқибати шахсӣ дар баробари коронавирусро ба Тоҷикистон таҳвил дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ожонси телеграфи Тоҷикистон эълом кард, ин имконот барои кадри пизишкии муртабит бо бемориҳои уфунӣ дар назар гирифта шудааст.

Ин таҷҳизоти ҳифозатӣ шомили ниқоби тиббӣ, дасташ, рупуши махсус ва ҳамчунин 400 дастгоҳи танаффусӣ ва айнаки эминӣ аст. 

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Мирҳамуддин Камолзода аз давлати Иёлоти Муттаҳида ба вижа барномаи  USAID, ки яке аз шарикони роҳбурдии Душанбе дар заминаи беҳдошт ва ҳимояти иҷтимоӣ аст қадрдонӣ кард.