Март 15, 2020 15:35 Asia/Dushanbe
  • Рамзи ҷашни байналмиллалии Наврӯз-2020 дар Тоҷикистон тасвиб шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллии ин кишварро барои соли 2020 тасдиқ гардид.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ин рамзро, ки аз ду бахш  ташкил шуда Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Бахше  аз ин намод арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо  ва макон иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд.

Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст ва дар табақи охирон  суманак ва гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Рамзи дуюм намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз - 2020” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи якумро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2020 насб намоянд.

 

Барчасп