Март 16, 2020 10:05 Asia/Dushanbe
  • Хасорати хонаводаҳои тоҷик аз коҳиши қурби рубли русӣ

Иқтисоддони тоҷик бар ин бовар аст, ки коҳиши қурби русӣ хасорати фаровоне ба даромади хонаводаҳои коргарони муҳоҷири тоҷик мезанад.

Ба нақл аз Авесто, Абдурасул Анваров бо ишора ба навасоноти  нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва суқути қурби рубли русӣ гуфтааст, ки ин рӯйдод муҷиби ворид шудани хасорати фаровон ба даромади молии хонаводаҳои коргарони муҳоҷир дар Тоҷикистон мешавад.

Анваров афзуд, бахши асосии даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба рубл ирсол мешавад ва ҳар хонаводаи тоҷик 20 то 25 сомонӣ аз ҳар ҳазор рубл зиён хоҳад дид.

Ҳафтаи пеш ҳазор рубл дар Тоҷикистон баробар бо 145 сомонӣ буд, ки ахиран ба 128 сомонӣ ва шаш дирам расидааст.

Ин дар ҳолест, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2019 аз Русия ба кишвари хеш 2 миллиарду 700 миллион доллар ирсол карданд, ки 90 дарсади ин маблағ ба рубл интиқол ёфтааст.

Ҳамчунин  мизони муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон дар соли 2019 ба як миллиарду 53 миллион доллар расид, ки 900 миллион доллари он воридоти Тоҷикистон аз Русия аст.

Аз сӯи дигар коршиносон муътақиданд, ки коҳиши арзиши рубли русӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ бар иқтисоди Тоҷикистон низ таъсири манфӣ хоҳад гузошт.