Оғози тавлиди зиёди ниқобҳои тиббии порчаӣ дар ширкатҳои Тоҷикистон
Ширкатҳои Тоҷикистон тавлиди зиёди ниқобҳои тиббии порчаиро оғоз карданд.
Ба нақл аз Спутник, Мирҳамуддин Камолзода- муовини вазири тандурустии Тоҷикистон гуфт, ширкатҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд.
Ӯ афзуд, ин теъдод ниқоб дар ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Ноҳид", "Сифат саноат", "Фарм Текс", "Нассоҷӣ"-и шаҳри Хуҷанд ва "Нури Ховар" истеҳсол мешавад.
Камолзода гуфт, бояд аз ниқобҳои тиббӣ ба дурустӣ истифода шавад.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон афзуд, пӯшдани он танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: дохили биноҳои серодам ва нақлиёти ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад. Инчунин гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (зуком) метавонанд аз ниқобҳо истифода баранд, зеро онҳо тавассути сулфа, атса ва гапзанӣ вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд.