Март 17, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Кошти дарахт бо ҳузури ҳудуди 2 ҳазор нафар аз сокинони шаҳри Душанбе

Ҳудуди ду ҳазор нафар аз сокинони шаҳри Душанбе ба муносибати фаро расидани Наврӯз дар парки Пирӯзӣ, дарахти арча коштанд.

Ба нақл аз Спутник, ин маросим бо талоши фаолони муҳити зист, масъулони шаҳр баргузор шуд.  

Масъулони шаҳр минтақаеро барои кошти дарахтони арча интихоб карданд, ки шеб дошта ва муносиби кошти ин дарахт бошад.

Барномаи рушди Созмони Миллал, ин дарахтонро ба унвони бахше аз маъмурияти худ барои ривоҷ додани тавсеаи пойдори зистмуҳитӣ харидорӣ кард.

Ба тавсияи коршиносони муҳити зист, арчаҳо дарахтони муносибе барои хоки парки Пирӯзӣ ҳастанд.

Пратибҳа Маҳата, намояндаи Барномаи рушди Созмони Миллал дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт: Ҳифзи обу ҳаво ва коҳиши таъсири манфӣ бар муҳити кураи замин ба мо кӯмак мекунад то ба ҳадафи тавсеаи пойдор ва ояндаи беҳтар барои ҳама бирасем.