Қатъи ҳазинаи моҳонаи истифода аз симкортҳо дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51858-Қатъи_ҳазинаи_моҳонаи_истифода_аз_симкортҳо_дар_Тоҷикистон
Тоҷикистон ҳазинаи моҳонаи истифода аз симкортҳоро катъ мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 17, 2020 15:20 Asia/Dushanbe
  • Қатъи ҳазинаи моҳонаи истифода аз симкортҳо дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ҳазинаи моҳонаи истифода аз симкортҳоро катъ мекунад.

Ба нақл аз Спутник, Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки маблағи моҳиёнаи 80 дирамро аз ҳисоби муштариёни телефони мобелӣ кам накунад.

Ширкатҳои телефони ҳамроҳи Тоҷикистон ба муштариён иттилоъ доданд, ки касри иҷбории маблағи моҳона қатъ мешавад.

Ин тасмим аз сӯи Раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон гирифта шудааст ва аз аввали майи 2020 иҷро хоҳад шуд.

Пеш аз ин Абдулмаҷид Муъминзода, раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон  дар як конфронси матбуотӣ гуфта буд, ки далелҳои  худро дар номае барои ҳамаи ширкатҳои  телефони мобелии Тоҷикистон ирсол кардааст.

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки тайи як моҳ ин мавзӯъ бартарф ва тасмимоти муносибе гирифта шавад.

Аз аввали июни соли 2015 ширкатҳои телефони мобелӣ дар Тоҷикистон аз муштаракони худ дар ҳар моҳ барои ҳар симкорти фаол 80 дирам каср мекунанд.

Ширкатҳои телефони мобелӣ ин корро аз он сол бо ҳамоҳангӣ ва дастури Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон иҷро мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 6 миллиону 800 ҳазор корбари фаоли шабакаҳои телефони мобелӣ вуҷуд дорад.