Март 17, 2020 21:36 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон то аввали моҳи май

Бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аз таваққуфи парвозҳо миёни ин кишвар ва Русия аз фардо, 18 март то аввали моҳи май хабар медиҳанд.

Ба  гузориши сомонаи “TopTJ”, се намояндагии фурӯши билети ҳавопаймо дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки номаи расмии Ҳукумати Русияро мабнӣ бар мамнӯияти парвози ҳавопаймоҳо миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дарёфт кардаанд ва то аввали моҳи май фурӯши билет дар масирҳои байни ду кишвар мамнӯъ аст. Ба мусофирони тоҷик таъкид шудааст, ки барои дувуми моҳи май ва баъд аз он барои хариди билет ба мақсади Русия иқдом кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳар моҳ ба таври миёнгин 37 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад. Ин иқдом дар остонаи замони сафари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия, ки аз авохири моҳи март оғоз мешавад, метавонад хисороти молии сангинеро ба ин афрод ворид кунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2019 беш аз ним миллион нафар аз шаҳрвандони ин кишвар барои кор ба Русия рафтаанд.

Дафтари матбуотии давлати Русия дар баёнияе эълом кард, ки барои таъмини амнияти ин кишвар ва дифоъ аз саломатии мардум тасмим гирифтааст, аз бомдоди рӯзи 18 март то аввали моҳи май вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни тобеиятро маҳдуд кунад.

 

Барчасп