Март 18, 2020 10:16 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ризояти Раҳмон аз таркиби Маҷлиси ҷадиди намояндагон дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози ризоят аз таркиби ҷадиди Маҷлиси намояндагони кишвараш, аз мунтахабони мардум хост шоистаи эътимоди афроде бошанд, ки ба онҳо раъй додаанд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғоз ба кори Маҷлиси ҷадиди намояндагони кишвараш, бо табрик ба мунтахабони мардум гуфтааст, ки бояд ҳамкорӣ бо интихобкунандагон ва расидагӣ ба мушкилоти онҳо дар садри барномаҳои ниҳоди қонунгузории Тоҷикистон бошад.

Вай таъкид кардааст, ки дар Маҷлиси ҷадиди намояндагони Тоҷикистон барои бори нахуст 15 зан, теъдоде мутахассисони ҷавон ва 32 донишманди риштаҳои мухталифи улум фаъолият хоҳанд кард, ки 4 тан аз онҳо узви фарҳангистони улуми ин кишвар ҳастанд ва дар ҳалли бӯҳронҳои мухталиф ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.

Раҳмон афзуд: Намояндагони  Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон бояд ҳангоми тасвиби қонунҳои ҷадид, ба таъмини адолати иҷитимоӣ, рушд ва пешрафти кишвар, ҳифзи субот ва амният таваҷҷӯҳ кунанд.

 

Барчасп