Март 18, 2020 14:43 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз амалкарди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коҳиши тавони илмсии Фарҳангистони улуми ин кишвар интиқод кард.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба риволи ҳар сол, дар остонаи фаро расидани наврӯз, дар дидори асҳоби илму фарҳанг ва рӯшанфикрони ин кишвар дар Душанбе, бо баршумурдани дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои ахир, аз кофӣ набудани теъдоди муҳаққиқон ва тиҷорисозӣ нашудани тарҳҳои донишбунён интиқод кард.

Вай гуфтааст, ки дар соли 1985 дар даврони Шӯравӣ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон 656 нафар бо дараҷаи докторӣ фаъолият мекарданд, ки ин теъдод ҳамакнун ба 360 нафар коҳиш ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ифшосозии 40 мавриди сирқати илмии бархе донишпажӯҳони ҷавони тоҷик аз осори донишмандони хориҷӣ, ҳангоми навиштани рисолаҳои докторӣ низ ишора кард ва афзуд: Ин иқдомот мӯҷиби коҳиши кайфияти таҳқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон мешаввад.

 

Барчасп