Март 18, 2020 16:51 Asia/Dushanbe
  • Гилаи бархе асҳоби фарҳанги Тоҷикистон аз даъват нашудан ба нишасти раисиҷумҳурӣ

Дидори суннатии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо аҳолии фарҳанги ин кишвар бо ҳошияҳое ҳамроҳ буд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, дар остонаи ин дидор Адибаи Азиз. шоир ва корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар Фейсбук аз ҳазфи номаш аз феҳристи даъватшудагон ба ин дидор шикоят карда ва муддаӣ шуда, ки ин кор натиҷаи амалкарди мудирони бесалоҳият аст.

Дар солҳои гузашта низ шикоятҳои мушобеҳе аз сӯи рӯзноманигорон ва адибону олимони Тоҷикистон матраҳ шуда буд.

Дар нишасти солонаи Раҳмон бо аҳолии илму фарҳанги Тоҷикистон имрӯз масоили марбут ба рушди илм дар ин кишвар матраҳ шуд.

Дар ҳамин замина Абдурраҳмон Қодиров, аз масъулони Маркази мутолеоти роҳбурдии Тоҷикистон гуфтааст, бахши илм дар ин кишвар ниёз ба ислоҳоти ҷиддӣ дорад ва матраҳ шудани ин мавзуъ дар дидори донишмандон ва пажӯҳишгарон бо раисҷумҳурӣ метавонад дар рафъи мушкилоти мавҷуд кумак кунад.

 

 

 

 

Барчасп