Ибтикори об, тарҳи байналмилалии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51969-Ибтикори_об_тарҳи_байналмилалии_Тоҷикистон
Тасвиби тарҳи пешниҳодии ибтикори об аз сӯи Тоҷикистон дар Созмони Милал, сабаби боло рафтани ҷойгоҳи байналмилалии ин кишвар шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 21, 2020 22:31 Asia/Dushanbe
  • Ибтикори об, тарҳи байналмилалии Тоҷикистон

Тасвиби тарҳи пешниҳодии ибтикори об аз сӯи Тоҷикистон дар Созмони Милал, сабаби боло рафтани ҷойгоҳи байналмилалии ин кишвар шуд.

Ба нақл аз Азия Плюс, ин авалин пирӯзии бузурги дипломатии ин кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ буд.

22-юми март дар тақвими Созмони Милал рӯзи ҷаҳонии об аст.

Пеш аз ин, Маҷмаи Умумии Созмони Миллал ба пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон, бо тасвиби қатъномаи вижае соли 2003-ро соли оби ширин номгузорӣ кард ва 146 кишвари узви Созмони Милал аз саросари ҷаҳон аз ин тарҳи Тоҷикистон ҳимоят карданд.

Дар миёни онҳо "қудратҳои обӣ"-и ҷаҳон, монанди Бразилия бо таваҷҷӯҳ ба ҳимоят аз пешнависи санад аз сӯи аксарияти қариб ба иттифоқи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, Маҷмаи Умумӣ ин  қатъномаро бидуни раъйи ӯ тасвиб кард.

Бинобар ин, барои як кишвари мустақили тозатаъсис, ки даврае аз эҷоди сулҳ пас аз ҷангро таҷриба мекард, чунин шинохте, аввалин пирӯзии бузурги дипломатӣ буд.