Март 22, 2020 00:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон

Мусобиқоти пешфасли Ҷоми ҳазфии футболи Тоҷикистон бо ҳузури бошгоҳҳои кишвар баргузор шуд.

Ба нақл аз сомонаи Лигаи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи сарнавиштсоз ва ниҳоӣ бозикунони тими "Истаравшан" ва "Зеско" ба масофи ҳам рафтанд, ки ин бор "Истаравшан" дар мусобиқаи поёнӣ 2:1 пирӯз шуд.

Дар бахше аз тим Алиёр Ашурмаҳмадов, Ҷаъфар Акбаралиев ва  Олимҷон Баротов голзанӣ карданд.

Ҷоизаи бронзаи Ҷоми 2020 ба бозикунони "Душанбе- 83" расид, ки дар мусобиқа барои касби мақоми севвум аз садди тими "Кӯктош" бо натиҷаи 2 : 1 гузаштанд.

Голҳои тими "Душанбе"-ро Далер Имонзоров ва Колинз Одухен ба самар расонданд.

Ҷоизаи ифтихории ин мусобиқот ҳам ба капитани тими "Истаравшан", Олимҷон Баротов аз сӯи Сайидвалӣ Шукурбонов, мудири Лигаи футболи Тоҷикистон эҳдо шуд.