Март 22, 2020 22:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 9 дарсадии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар ду моҳи имсол аз 90 миллион доллар фаротар рафтааст.

Ба нақл аз Спутник ва бар асоси Агентии омори Тоҷикистон, мизони тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи сол қабл, ҳудуди 9 дарсад бештар шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат мизони тавлиди маҳсулоти зироатӣ 35 дарсад ва домдорӣ 9 дарсад афзоиш доштааст.

Вусъати заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон, ҳудуди 63 ҳазор гектар аст, ки дар ин заминҳо ғаллот, ҳубубот ва картошка кошта шуд.