Овозаи қатъи воридоти гандум ва орд ба Тоҷикистон такзиб шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51990-Овозаи_қатъи_воридоти_гандум_ва_орд_ба_Тоҷикистон_такзиб_шуд
Ширкати аслии воридкунандаи орд ба Тоҷикистон эълом кард, ки воридоти гандум ба ин кишвар қатъ нашудааст ва бидуни таваққуф идома дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 23, 2020 19:34 Asia/Dushanbe
  • Овозаи қатъи воридоти гандум ва орд ба Тоҷикистон такзиб шуд

Ширкати аслии воридкунандаи орд ба Тоҷикистон эълом кард, ки воридоти гандум ба ин кишвар қатъ нашудааст ва бидуни таваққуф идома дорад.

Ба нақл аз Спутник, ширкати "Фаровон-1", ки аз муҳимтарин ширкатҳои воридкунандаи орд ба Тоҷикистон аст, эълом кардааст, ки гандум ба андозаи кофӣ ба ин кишвар ворид мешавад ва ҷои ҳеҷ нигаронӣ нест.

Ин кишвари фаъол дар воридоти орду гандум таъкид кардааст, ки таъмини комили маводи хурокии зарурӣ зери назорати шадиди ҳукмат идома меёбад ва мақомоти давлат дар ин замина тадбирҳои лозимро андешидаанд.

Дар паи хурӯҷи коронавирус ва баста шудани марзҳои бархе кишварҳо, аз ҷумла Узбакистон, овозаҳое дар бораи қатъи воридоти орд ба Тоҷикистон матраҳ ва мӯҷиби гаронии қимати ин маҳсул дар бозорҳои ин кишвар шудааст.