Ихтор дар мавриди шароити номусоиди иқлимӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 25 Mar 2020 09:00:28 GMT )
Март 25, 2020 14:00 Asia/Dushanbe
  • Ихтор дар мавриди шароити номусоиди иқлимӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони ин кишвар ихтор додааст, ки аз 24 то 26 март соли 2020 ҷавве нопойдор бар ин кишвар ҳоким хоҳад буд ва тайи ин рӯзҳо чораҳои эҳтиётиро ба кор бигиранд.

Тибқи иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ин ҷав дар қолиби боронҳои шадид, раъду барқ  ба хусус дар манотиқи кӯҳистонӣ ва доманаи кӯҳҳо, хатаромез хоҳад буд.

Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони хориҷӣ тавсия кардааст иқдомоти асосии амниятии шахсиро риоят кунанд, аз пиёдаравӣ дар кӯҳҳо ва бардошти қорч ва дигар маҳсӯлоти зироие, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ рушд мекунанд, худдорӣ кунанд. Ҳамчунин дар ин ихтория зикр шудааст, ки афрод бояд таваҷҷуҳи вижае ба кӯдакон дошта бошанд ва онҳоро беназорат нагузоранд.

Ҳушдорҳои мушобеҳе низ ба ронандагони нақлиёт дода шудааст. Тоҷикистон як кишвари асосан кӯҳистонӣ аст ва ҳамасола ҳаводиси табиӣ ношӣ аз фазои номусоиди иқлимӣ монанди сел, обхезӣ ва суқути тарма ва рониши замин, хасороти ҷонӣ ва моддӣ ба ин кишвар таҳмил мекунад.