Яхҷолҳои Тоҷикистонро дарёбед!
Коршиносони маркази омӯзиши яхчолҳои Тоҷикистон мегуянд, ки эҳтимолан зуб шудани яхчолҳои кӯҳистонӣ дар ин кишвар бо 500 миллион километри мукааби об, ҷойи нигарони дорад.
Ба нақл аз сомонаи Осиё плюс, идомаи зуб шудани ин яхчолҳо натанҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми Осёии Марказӣ буҳрони оби ошомиданӣ ва паёмадҳои вайронкоронаи зист муҳитӣ эҷод хоҳад кард.
Ба гуфтаи коршиносон зуб шудани сарии ин манбаи муҳими оби Осёи Марказӣ заминаи хориҷ шудани сел, вайрон шудани сддҳо ва зери об мондани минтақаҳои маскунӣ ва заминаҳои кишоварзиро фароҳам мекунад ва дар баландмудат муҷиби коҳиши шадиди захираҳои оби мавриди ниёзи 5 кишвари ин минтақа мешавад.
Дар Тоҷикистон 13 ҳазор яхчолӣ табии дар масоҳати 8 ҳазору 500 километри мӯраба воқеъ шуда ва манобеи оби ин яхчолҳо 500 ҳазор километри мукааб эълон шудааст.
Дар сурати идомаи гарм шудани ҳаво ва осори вайрон шудани зистмуҳитӣ ба гуфтаи донишмандон то соли 2050 масоҳати ин яхчолҳо метавонад ба нисф коҳиш ёбад.
Бар асоси бароварди донишмандони муҳити зист, дар даҳаҳои ахир як севвум аз масоҳати яхчолҳои Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво ва партоби газҳои гулхонаи зуб шудааст ва хатари коҳиши 30 дар садии, ин манобеи табииро дар оянаи наздик таҳдид мекунад.