Бозсозии хонаҳои тахрибшуда аз сел дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 26 Mar 2020 06:00:53 GMT )
Март 26, 2020 11:00 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии хонаҳои тахрибшуда аз сел дар Тоҷикистон

Бозсозии хонаҳои сокинони манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон, ки ба иллати обгирифтагӣ тахриб шуданд, ағоз шуд.

 Ин хонаҳо дар манотиқи  Хуросон ,Вуз ва Рӯдакӣ қарор доранд. 

Ба нақл аз Спутник ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, нишасти Шурои минтақаии кумита ба раёсати Умед Зоҳирзода- раиси Комиссияи фавқулодаи минтақаи Хатлон баргузор ва дар мавриди чигунагии идомаи ёрирасонӣ ба сокиноне, ки хонаҳои онон ба иллати обгирифтагӣ тахриб шудааст, тасмимоте гирифта шуд.  

Ҳамчунин Зоҳирзода дар мавриди иқдомоти имдодгарон дар минтақаҳои Вуз, Хуросон ва минтақаи Рӯдакӣ гузориш дод.  

Ӯ гуфт : Мактаби таҳсилоти умумии рақами  24 минтақаи Хуросон пур аз лой шуда буд ва тақрибан 80 дарсад аз атрофи мактаб ва синфҳо пур аз лой буд.  

Раиси Комиссияи фавқулодаи минтақаи Хатлон зимни ташаккур аз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва талошҳои Идораи омӯзиш ва парвариши ноҳия афзуд: Коркунони ин ниҳоди омӯзишӣ тавонистанд бо кӯмаки имдодгарон тамоми лойро аз дохили мактаб хориҷ кунанд.  

Умед Зоҳирзода гуфт : Кори бозсозӣ ва назофти хонаҳо ва маконҳои осебдида идома дорад.  

Раиси Комиссияи фавқулодаи минтақаи Хатлон гуфт: Ҳамаи идораҳои дахлдори Тоҷикистон бо сокинони маҳаллӣ дар канори ҳам кор мекунанд ва талош мекунанд, ки ҳар чи сареътар хасорати бархоста аз лойҳоро аз байн бубарад. 

Умед Зоҳирзода гуфт : Маркази тандурустии Хатлон низ барои ҷилавгирӣ аз шуюи беморӣ, 30 хонаи хасоратдида аз селро сампошӣ кард.