Март 26, 2020 11:47 Asia/Dushanbe
  • Кошти пахта дар ҷануби Тоҷикистон

Ширкатҳои чинӣ дар ҷануби Тоҷикистон пахта мекоранд.

Ба нақл аз Спутник, ширкати сармоягузории чинӣ-тоҷикистонии Син Силуи Хатлон, ба таври муштарак дар 2 ҳазор гегтар аз заминҳои зироии иҷораи ин минтақаи Хатлони Тоҷикистон пахта мекоранд. 

Ширкати чинии Син Силу (Sin Silu) кошти пахтаро аз 10 март оғоз кард ва то 1 апрел идома медиҳад.  

Бино барин, тибқи охирин иттилоот пеш аз ин ширкати чинӣ дар замине ба масоҳати ҳудуди 1,520 гегтар дар минтақаи Дӯстӣ  130 гегтар дар минтақаи Балхӣ ва 150 гегтар дар минтақаи Ёвон пахта коштааст. 

 Ба гуфтаи Раҳимов, раиси бахши иқтисод ва ҳисобдории кишоварзии минтақаи Хатлон, як ширкати дигари чинӣ ба Ведиязаррин (Дарраи тиллоӣ) низ дар замине ба масоҳати ҳудуди 3 гегтар дар минтақаи Ҷайҳун пахта кошт.  

Ӯ гуфт: Соли гузашта, ширкати  Син Силу дар замине ба масоҳати 7 ҳазор гегтар дар минтақаҳои Ҷайҳун, Балхӣ, Дӯстӣ, Ёвон ва Данғара пахта кошт ва 20 ҳазору 377 тонна пахта бардошт кард.  

Давлати Тоҷикистон ду ширкати чиниро аз аворизи воридоти таҷҳизоти марбут ба обёрӣ муоф кард ва ин боиси афзоиши тавлиди пахта шуд.  

Ин ду ширкат таҷҳизоти ҷадидеро барои 32 истгоҳ помпожи об насб карданд.  

Ширкати Син Силуи Хатлон яке аз бузургтарин ширкатҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин аст, ки корхонаи бузурги нассоҷиро дар Данғара сохт.