Март 26, 2020 17:00 Asia/Dushanbe
  • Таъвиқ дар баҳрабардори аз мадрасаи сохти Узбакистон дар Тоҷикистон

Вируси Корона ифтитоҳи мадрасаи сохти Узбакистон дар Тоҷикистонро ду моҳ ба таъвиқ андохт.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи, нигарони аз густариши вируси Корона маросими ифтитоҳи як мадраса дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғдро,ки бо сармоягузории давлати Узбакистон сохта шудааст ду моҳ ба таъвиқ андохт.

Ин мадраса қарор буд бо ҳузури нахуствазирони Тоҷикистон ва Узбакистон дар наврӯзи имсол ифтитоҳ шавад, аммо ба далели нигарониҳо аз густариши Корона баҳрабардори аз он ба охирҳои моҳи июн маъкул шуд.

Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2017 барои сохти ду мадраса дар шаҳрҳои Самарқанд ва ноҳияи Спитамен ҳар як барои 630 донишомӯз ба тавофуқ расида буданд,ки Тошкант дар ин замина ба ваъдаи худ амал кард.

Мадрасаи сохти Узбакистон дар ноҳияи Спитамен дар замине ба масоҳати 2 гектар воқеъ шуда ва дорои се сохтмони омӯзишӣ, толори иҷтимоот, ғазохури ва варзишгоҳ аст.

Барчасп