Камбуди марказҳои дармони барои карантинаи афроди машкук ба Корона дар Тоҷикистон
Сухангуи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷамъияти Тоҷикистон эълом кард, ин кишвар барои карантинаи афроди машкук ба вируси Корона бо камбуди марказҳои дармони рӯ ба рӯ аст.
Ба нақл аз Спутник, Бибихонум Дарвешзода аз шуморе аз Вазоратхонаҳои Тоҷикистон дархост кардааст,ки маконҳои тафриҳии худро барои истифода ба унвони марказҳои карантина дар ихтиёри пизишкон қарор диҳанд.
Вай ҳамчунин бо интиқод аз сукути баъзе Вазоратхонаҳо ва Созмонҳои давлатӣ дар баробари ин дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷамъияти Тоҷикистон афзуд ; ин бетафовути баёнгари набуди дарки дурусти масулони ин ниҳодҳо аз аҳамияти мавзуи пешгири аз густариши вируси Корона аст.
Сухангуи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷамъияти Тоҷикистон гуфт ; бештари Вазоратхонаҳо ва Созмонҳои давлатии Тоҷикистон дар дараҳои кӯҳистонии Варзоб ва Ромит маконҳои тафриҳӣ доранд,ки бояд барои карантинаи афроди машкук ба вируси Корона дар ихтиёри Вазорати тандурустӣ қарор дода шавад.
Дарвешзода афзуд ; ба назар мерасад бархе масулон чунин мепиндоранд,ки пешгири аз густариши Корона фақат вазифаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷамъият аст, дар ҳоле,ки муқобила бо ин бемори вазифаи ҳамагонӣ аст.
Бар асоси гузориши расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷамъияти Тоҷикистон аз авалҳои моҳи феврал то 26 моҳи март дар мааҷмуъ 5 ҳазору 460 нафар,ки аз хориҷ вориди ин кишвар шудаанд таҳти карантина қарор гирифтаанд.
2 ҳазору 20 нафар аз ин афрод аз карантина ҷавоб карда шуданд ва 3 ҳазору 458 нафар аз ҷумла 107 табаъаи хориҷӣ ҳамчунон дар карантина ҳастанд.
Бо ин ҳол то кунун ҳеч мавриде аз мубталоёни афроди ба вируси Корона дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст.