Март 26, 2020 20:00 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 132 тоҷикистонии саргардон дар фурудгоҳҳои Маскав ба ватан

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр 132 муҳоҷири тоҷикистонии саргардон дар фурудгоҳи Вунуковои Маскавро ба кишвар бозгардонд.

Ба нақл аз Спутник, ин муҳоҷирони тоҷик барои бозгашт ба кишварашон аз ширкати русии Ют Эйр билет таҳия карда буданд аммо ахиран дар паи шуюи Корона парвозҳои ин ширкати русӣ ба Тоҷикистон қатъ шуда ва ин мавзуъ муҷиби саргардонии мусофирон шуда буд.

Ширкати миллии Тоҷик Эйр, дар рӯзҳои ахир бо парвозҳои мутаадад ба Русия тоҷикистониҳоро аз он кишвар ба ватан бозгардонадааст.

Ин 132 муҳоҷири бозгашта аз Русия пас аз вуруд ба фурудгоҳи Душанбе барои 14 рӯз ба карантина рафтанд.

Аз якуми моҳи феврал то 25 моҳи март панҷ ҳазору 460 нафар,ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шуданд дар марказҳои дармонии ин кишвар карантина шуданд.

Барчасп