Ҳукми парвандаи узви пешини ҳизби мамнуи наҳзати Исломӣ тағир накард
(last modified Fri, 27 Mar 2020 14:26:59 GMT )
Март 27, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми парвандаи узви пешини ҳизби мамнуи  наҳзати Исломӣ тағир накард

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукмуми содир шуда дар бораи парвандаи пур сару садои як узуви пешини ҳизби мамнуи наҳзати Исломиро тайид кард.

Ба нақ аз Сомонаи интернетии Иттилофи зиди шиканҷаи Тоҷикистон: Додгоҳи олии Тоҷикистон тасмими додгоҳи низомии Душанберо дар бораи бароварда кардани бахше аз мутолиботи волидайни Комил Хоҷаназаров узви пешини ҳизби мамнуи наҳзати Исломии Тоҷикистонро тайид кард.

Бадин тартиб бар асоси ҳукми ин ҳар ду ниҳоди қазоии Тоҷикистон Вазорати кишвар ва Кумитаи амнияти миллӣ  бояд 6 ҳазор сомонӣ ба унвони ғаромат ба волидайн и Комил Хоҷаназаров бипардозанд.

Комил Хоҷаназаров дар моҳи август соли 2017 ба дунболи бозпурсии мақмоти қудратии устони СУғд даст ба худкушӣ зад.

Вай пеш аз марг бо интишори номае дар шабакаҳои маҷозӣ эълон карда буд, ки маъмурон ӯро дар раванди бозрасӣ шиканҷа кардаанд.

Ба дунболи марги ин узви пешини ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон, Шуҳрат Шамсуддинов ва Латифҷон Булдошев ду афсари пулиси устони Суғд бо итҳоми даст доштан дар ин ҳодиса ба 13 сол ва Маҳмуд Наимов афсари Кумитаи давлатии Амнияти миллӣ дар шаҳристони Ашт маҳали сукунати Хоҷа Назаров ба 12 со зиндон маҳкум шуданд