Судури нахустин ҳукм барои боздоштиҳои ҷадиди Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 27 Mar 2020 16:21:04 GMT )
Март 27, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
  • Судури нахустин ҳукм барои боздоштиҳои ҷадиди Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон

Додгоҳи саёр дар шаҳри Нораки Тоҷикистон ҳукми маҳкумияти ҷавони 39 солаеро ба иттҳоми узвият дар гуруҳи мамнуи Ихвонулмуслимин содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори осёии марказӣ, ин додгоҳ, Комил Тағоев сокини минтақа Пули сангинро ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ихвонулмуслимин ба як сол зиндон маҳкум кард.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон 19 моҳи март дар нишасти Маҷлиси миллии ин кишвар эълон кард, ки аз оғози соли 2020 то кунун 314 узви гуруҳи Ихвонулмуслимин шиносоӣ ва 154 нафар аз онон боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон 20 нафар аз боздоштшудагон корманди Донишгоҳҳои Тоҷикистн буда ва як нафар ҳам мақоми ҳукуматӣ дар ноҳияи Исфара аст.

Вай ҳадафи гуруҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистонро барандозии низоми ҳоким дар ин кишвар донист.

Фаолияти гуруҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар аз соли 2006 мамнуъ шудааст.