Март 27, 2020 21:41 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти Наврӯзи тоҷикон дар Руссия

Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Иркутск воқеъ дар минтақаи Сибири Руссия ҷашни Наврӯзро гиромӣ доштанд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин ойин гуруҳе аз бонувони муҳоҷири тоҷик бо пухти анвои ширинӣ ба вижа суманак, ки намоди аслии Наврӯз аст, ҳунари худро арза карданд.

Суманаки пухташуда дар ин маросим 150 килограмм вазн дошт ва ба унвони ҳадияи наврӯзӣ ва ғизои  баҳорӣ ба сурати ройгон дар миёни ҳозирони ин ҷашинвора тавзеъ шуд.

Сипас занони Тоҷикистон дар солони фарҳанги бузурги Иркутск бо иҷрои театрӣ бахшҳое аз сунатҳои наврӯзи миллати тоҷикро муарифӣ карданд.

 

Барчасп