Хизматрасонӣ ба ҳудуди 700 нафар аз сокинони селзадаи минтақаи Хуросон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52116-Хизматрасонӣ_ба_ҳудуди_700_нафар_аз_сокинони_селзадаи_минтақаи_Хуросон_дар_Тоҷикистон
Ба ҳудуди 700 нафар аз сокинони селзадаи минтақаи Хуросон имдодрасонӣ шуд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Март 28, 2020 08:35 Asia/Dushanbe
  • Хизматрасонӣ ба ҳудуди 700 нафар аз сокинони селзадаи минтақаи Хуросон дар Тоҷикистон

Ба ҳудуди 700 нафар аз сокинони селзадаи минтақаи Хуросон имдодрасонӣ шуд.

Ба нақл аз Спутник, рӯзи шанбе 21 март боронҳои шадид сабаби ҷорӣ шудани сел ва обгирифтагии хонаҳои сокинони деҳаҳои Айнӣ, Ҳалқаҷар ва Пахтакори Хуросони минтақаи Хатлон шуд.  

Сервиси матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон гуфт: Сел ба хонаҳои ҳудуди 700 нафар аз сокинони ин минтақа осеб расонд. 

Ҳамчунин вуруди лой ба дохили манзилҳои маскунӣ боиси хароб шудани деворҳо, кафи сохтмон ва мазраъаҳо шуд.  

То кунун бо талоши коркунони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифои ғайринизомии Тоҷикистон  гилу лой аз 32 сохтмони маскунӣ хориҷ шудааст.