Таъсири ногувори коронавирус бар иқтисоди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i52162-Таъсири_ногувори_коронавирус_бар_иқтисоди_Тоҷикистон
Коршиноси тоҷик муътақид аст коҳиши фаолиятҳои иқтисодӣ дар пайи шуюи коронавирус дар ҷаҳон таъсири ногуворе бар вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон хоҳад дошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 28, 2020 13:51 Asia/Dushanbe
  • Таъсири ногувори коронавирус бар иқтисоди Тоҷикистон

Коршиноси тоҷик муътақид аст коҳиши фаолиятҳои иқтисодӣ дар пайи шуюи коронавирус дар ҷаҳон таъсири ногуворе бар вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон хоҳад дошт.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Парвиз Муллоҷонов ба 5 омили таъсиргузор бар зиндагии мардуми Тоҷикистон ишора карда, ки дар пайи шуюи коронавирус эҷод шудааст.  

Ба ақидаи Муллоҷонов, нахуст ба далели коҳиши фаолият дар бахшҳои сохтмонсозӣ, тиҷорат ва хадамот дар Русия, ки 90 дарсади коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар машғул ҳастанд мизони даромади молии ирсолии онон ба кишварашон ба шиддат пойин хоҳад омад, ки ин рақам солона наздик ба 3 миллиард доллар мебошад.  

Дуввум ин ки бо коҳиши дастмузд ва ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия пардохти баҳои иҷораи манзил, дарёфти иҷозатномаи моҳиёнаи кор ва ҳазинаи ғизо ва ҳамлу нақл барои онон бисёр сахт хоҳад шуд.  

Севвум коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷие, ки акнун арзиши 1 доллар ба ҷои 9 сомонӣ ва 70 дирами қаблӣ ба 10 сомонӣ ва 20 дирам расида, ки ин амр муҷиби гаронии қимати маводди ғизоӣ дар Тоҷикистон шудааст.  

Чаҳорум коҳиши қобили мулоҳизаи бахши даромадии будҷети ҳукумати Тоҷикистон, ки буҳрон дар низоми бонкӣ ва молии ин кишварро ташдид хоҳад кард.  

Панҷум бахши хусусии Тоҷикистон, ки мудирияти тиҷорати миёна ва хадамоти  гардишгарӣ, ресторанҳо, ороишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва синамоҳоро бар уҳда дорад, ба шиддат мутаҳаммили хасоратҳои фаровони молӣ хоҳад шуд.  

Парвиз Муллоҷонов таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши осебҳои бархоста аз шуюи коронавирус дар иқтисоди ин кишвар бояд барномаи кӯмак ба бахши хусусиро тадвин ва иҷроӣ кунад.