Март 28, 2020 15:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон

Бо шуюи бемории Корона афзоиши арзиши доллар дар Тоҷикистон, қимати маводи ғазоӣ дар ин кишвар афзоиш ёфт.

Ба нақл аз Спутник, қимати ҳар киллограм себзамини аз 3 сомонӣ ва 80 дирам ба 4 сомониву 80 дирам ва пиёз аз 2 сомониву 50 дирам ба 4 сомонӣ афзоиш ёфт,  як киллограм гушт низ аз 48 сомонӣ ба 53 сомонӣ ва як литр руғани офтобгардон аз 10 сомонӣ ба 13 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Қимати ҳар линчаи 50 киллоии орди гандумӣ ҳам аз 220 сомонӣ ба 225 сомонӣ расид.

Алорағми ин,ки тибқи эъломи мақомоти вазорати беҳдошт,дармон ва ҳимояти иҷтимоии Тоҷикистон. аз 25 моҳи март, ҳеҷ мавриде аз бемории Корона мушоҳида нашудааст, вале мардум ҳамчунон бо ҳуҷум ба фурушгоҳҳои маводи ғазоӣ, орд,шакар, пиёз ва себизамини мехаранд,ки ин амр боис шуда,ки фурушандагон қиматҳоро афзоиш диҳанд.