Март 28, 2020 20:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни тавалуди пиртарин зани Тоҷикистон

Дар шимоли Токистон, яке аз пиртарин занони ин кишвар рӯзи тавалуди худро ҷашн гирифт.

Ба нақл аз Осиё плюс, Нуринисо Муҳаммадҷонова сокини Суғд аст ва ҷашни тавалуди 102 солагии худро баргузор кард. 107 нафар аз аъзои хонаводаи вай ҳам дар ин маросим ҳузур доштанд.

Ин пиразани 102 сола дар рӯстои Ово минтақаи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад.

Нуринисо дар сини 17 солагӣ издивоҷ кард шавҳари ӯ саркоргар дар як мазраа буд , баъд аз марги шаваҳараш дар як мазраа шуруъ ба кор кард.

Ӯ мегуяд: аз зиндагии худ рози аст, ба танҳои дар ҳаёт қадам мезанад, гоҳе вақтҳо дар боғ кор мекунад.

Ӯ иллати тулони будани умрашро фаолияти баданӣ ва тағзияи муносиб медонад.