Март 31, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 64 дарсадии воридоти маводди ғизоӣ ба Тоҷикистон

Воридоти маводди ғизоӣ ба Тоҷикистон дар ду моҳи имсол ҳудуди 64 дарсад афзоиш доштааст.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврал ҳудуди 50 миллиону 500 ҳазор доллар ҳаргуна намудҳои  маводди ғизоӣ ворид карда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 64 дарсад афзоиш доштааст.

Дар ду моҳи нахусти соли қабл Тоҷикистон 30 миллиону 700 ҳазор доллар маводди ғизоӣ ворид карда буд.

Ҳар намуд маҳсулоти қаннодӣ, кансерв, ҳасиб ва нӯшоба аз асоситарин колоҳои воридотӣ ба Тоҷикистон тайи ин муддат будааст.

Аммо тайи ду моҳи нахусти соли равон ба Тоҷикистон 43 миллиону 400 ҳазор доллар равғани моеъ ворид кард, ки ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 12 миллион доллар камтар аст.

Ҳамчунин тайи ин муддат воридоти орд афзоиш ва гандум коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин дар ин муддат Тоҷикистон ҳудуди 15 ҳазор тонна орд аз Қазоқистон ворид кард, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 25 дарсад афзоиш дорад.