Ҳушдори хатари сел ва обгирифтагӣ дар Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавриди вуқуи сел ва обгирифтагӣ ҳушдор дод.
Ба нақл аз Азия-Плюс, бар асоси Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик ҳаво дар мамлакат тағйирёбандаву пурбориш мешавад. Дар бештари қисматҳо омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.
КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонон тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо дар назди махзанҳои об бошанд ва ё машғул ба моҳигирӣ шаванд.
Кумита аз сокинон дархост кардааст: “Қабл аз вақт ҷӯйборҳову каналҳои наздики худро аз ҳар гуна хасу хасрӯба, сангу чӯбу лойқа тоза кунед, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҳамон маҷро ҷорӣ шавад ва ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои шумо зарар нарасонад”.
Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш шудааст, қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя карда, аз рафтан ба кӯҳҳо, ғунучини занбӯруғ ва дигар рустаниҳое, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. “Дар ин рӯзҳо ҳаво кори чорвочарониро ҳам ба мушкил рӯ ба рӯ месозад ва хуб мешуд, муддате то беҳ шудани вазъ ва коҳиши боронҳо чорворо дар хона нигоҳ доред”, - омадааст дар хабари КҲФ.
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар роҳҳои мошингард ва бахусус, роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, хоҳиш кардааст, ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд кунанд. Ҳамчунин дархост шудааст, қоидаҳои ҳаракати роҳ ва фосилаи байни мошинҳо дар рӯзҳои боронӣ, ки ҳаво ториктар аст, ҷиддан риоя шуда, ронандагон суръати ҳаракатро боло набаранд.