Апрел 01, 2020 17:01 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои сафири Тоҷикистон дар Русия ба коргарони муҳоҷири тоҷик

Сафири Тоҷикистон дар Русия дар бораи вазъияти муҳоҷироне, ки дар Русия гирифтор шуданд, сӯҳбат кард.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ,Имомуддин Сатторов гуфт:Аз лаҳзае, ки бо тасмими мақомоти ду кишвар парвозҳо лағв шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Маскав маътал монданд сафорати Тоҷикистон бо иқдомоте ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ дастур дод ,то ҳама шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар фурудгоҳҳо маътал ҳастанд, пайдо ва ба кишвар баргардонанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия афзуд:Ҳафт парвоз шаҳрвандони тоҷикро аз фурудгоҳҳои Домодедово , Жуковский ,Внуково ва Шереметово ба Тоҷикистон мунтақил карданд ва тақрибан то 26 март ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ шуданд.

 Имомуддин Сатторов гуфт: Ҳудуди 110 нафар аз шаҳрвандоне, ки дар фурудгоҳи Домодедово буданд ин фурудгоҳро тарк карданд ва ҳамакнун дар канори дӯстон ё хешони худ ҳастанд . Сатторов тамоми ахбори мунташиршуда дар мавриди азсаргирии парвозҳо дар рӯзҳои ояндаро такзиб кард ва гуфт : Ин ахбор бо ҳадафи эҷоди таниш дар фурудгоҳҳо мунташир мешавад.

 Сафири Тоҷикистон дар Русия афзуд: "Барои ҷилавгирӣ аз корона аз ҳама шаҳрвандони худ мехоҳем, ки дар сурати имкон дар маҳаллҳои худ бимонанд ва дар сурати оғози дубораи парвозҳо ба онҳо иттилоъ дода мешавад  

Сатторов гуфт: Авзоъ дар Русия ва ҷаҳон ба гунае аст, ки бояд иқдомоти бисёр сахте барои ҷилавгирӣ аз корона иҷро шавад; дар ин шароит лозим аст, ки фаъолияти ҳамаи шаҳрвандон дар Русия маҳдуд шавад ва ниёзе ба таҷаммӯъ дар фурудгоҳҳо нест.

Вай аз корфармоёни русӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хидмат гирифтаанд хост, то дар ин шароити душвор ҳар навъ кумак ва пуштибониро ба онҳо кунанд ,то коргарон дар хиёбон намонанд.