Апрел 02, 2020 01:10 Asia/Dushanbe
  • Тавақуфи муваққатии ироаи ҳузурии хадамоти консулии сафорати Русия дар Душанбе

Хадамоти ҳузурии консулгарии Русия дар Душанбе ба далели шуюъи бемории каронавирус ба таври муваққат мутаваққиф шуд.

   Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник , мақомот эълом карданд , консулгарӣ ба кори худ дар бораи мавзӯоти муҳим идома хоҳад дод ва соири корҳои рӯзмарра аз тариқи телефон иҷро мешавад .
 Сервиси матбуотии сафорати Русия дар Тоҷикистони эълом кард , ки хадамоти консулӣ барои шаҳрвандоне, ки қаблан қарори мулоқот доштанд идома хоҳад дошт .
 Ҳамчунин бахши консулӣ дархостҳои марбут ба мавзӯоти муҳимро пазириш мекунад .